(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲар амалеро подошест.....

Баъди нашри маводи интиқодии шаҳрванд Зебунисо Солиева дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук оид ба муносибати дағалонаи шаҳрванди шахсияташ номаълум, ки партовҳои иҷтимоиашро дар ҳаҷми ду халта на дар ҷойи муқарраршуда, балки дар қадди роҳи кӯчаи Сирдарёи шаҳр гузошта рафтааст, аз ҷониби мақомоти марбута чораҳои мушаххас андешида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ин амали шаҳрванди шахсияташ номаълум, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, боиси нигаронии мардум гардид ва шарҳҳои гуногун дар бораи кирдори ин нафар нашр шуданд.

Маводи мазкур аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии РВКДҶТ дар вилояти Суғд, мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳз ба воситаи нашри расми автомашинаи гумонбари қонуншикани ҳифзи муҳити зист, имкон пайдо гардид, ки ба василаи муайян намудани тамға ва рақамҳои автомашинаи мавсуф шахсияташ низ зуд муайян карда шуд.

Маълум гардид, ки сокини хонаи №1-и кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд Никитин Юрий Александрович дидаву дониста партовҳои худро на дар ҷойи муқарраргардида, балки дар қадди роҳи кўчаи Сирдарё гузоштааст, ки ин риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зистро ифода менамояд.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии РВКДҶТ дар вилояти Суғд нисбати ин амали Никитин Юрий Александрович чораҳо андешида шуд ва мавсуф аз кирдори худ пушаймонӣ изҳор намуд.

Бо истифода аз фурсат шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд аз сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд эҳтиромона хоҳиш ва даъват ба амал меорад, ки маданияти баланди шаҳрвандиро риоя ва баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ иқдомҳои ибратбахш намуда, дар сурати мушоҳида намудани чунин қонуншиканони муҳити зист ба масъулини дахлдор иттилоъ расонанд, то ин ки нисбаташон чораҳои фаҳмондадиҳӣ ва қонунӣ андешида шавад.

Мо дар якҷоягӣ шаҳрамонро ободу зебо менамоем!



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд