(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2021 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки соли таърихии ҷашни умумиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар шаҳру навоҳии мамлакат барои сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд, соли муваффақият, соли бунёдкориву созандагиҳо ва соли расидан ба ҳадафҳои олии рушди босубот дар тамоми самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамчун соли дастоварду пешравиҳо сабт гардид.

Дар ин раванд аҳли заҳмати шаҳри Хуҷанд дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзодаро сармашқи кори худ қарор дода, зери ливои 1300 рузи меҳнати зарбдор бо дастовардҳои навин ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирифтанд. Маврид ба тазаккур аст, ки дар натиҷаи густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва дарёфти захираҳои мавҷуда ба мо имконпазир гашт, ки рушди бонизоми иқтисодии шаҳр ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти кишварамон пурмаҳсул таъмин шуда, дар ин давра ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардем.

Иттилоъ дода шуд, ки дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ба маблағи зиёда аз 1,5 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор маҳсулот ба маблағи 356,4 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар содир карда шуда, 72 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои воридотивазкунанда ба маблағи 582,3 млн. сомонӣ истеҳсол карданд. Баҳри таҳким бахшидан ба ин соҳа бо ҷалби зиёда аз 10 млн. сомонӣ сармояҳо 17 адад корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо фарогирии беш аз 200 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, ба маблағи 15,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки амалишавии чораҳои зарурӣ дар самти хизматрасонӣ бо нерўи барқ собит менамояд, ки тамоми муштариён бо ҳисобкунакҳои биллингӣ таъмин гардида, ҷамъоварии маблағи нерўи барқи истифодашуда 101,8 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 102,5 фоизро дар бар гирифта, талафоти интиқоли барқ то 7,8 фоиз коҳиш ёфтааст. Боиси зикр аст, ки дар ин давра нишондиҳандаҳои сектори воқеии иқтисодиёти шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардида, ҳаҷми маблағгузории асосӣ дар соҳаи сохтмон 384,7 млн. сомонӣ, корҳои сохтмону васлкунӣ 328,7 млн. сомонӣ, корҳои пудратӣ 246,7 млн. сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ 1,2 млрд. сомонӣ, ҳаҷми муомилоти гардиши мол 3,4 млрд. сомонӣ, содироти молҳо 42 млн. доллари амрикоӣ, сармоягузории хориҷӣ 8,1 млн. доллари амрикоӣ, шумораи кашонидани бор 2,6 млн. тонна, мусофиркашонӣ 65,8 млн. нафар ва музди миёнаи маоши кормандон 1653,4 сомониро ташкил додааст.

Фирдавс Шарифзода афзуд, ки дар раванди самти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ низ корҳои амалишуда назаррас буда, дар шаҳр се лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бомуваффақ татбиқ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқи онҳо то имрўз 30,9 млн. доллари амрикоӣ корҳои азхудкунӣ ба иҷро расонида шуда, аз он 3,6 млн. доллари амрикоӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Маблағҳои қарзӣ бошад, сари вақт пардохт шуда истодаанд. Дар натиҷаи самаранок истифода бурдани имкониятҳои иловагӣ баҳри ташаккули буҷет имкон дод, ки таъмини қисми даромади буҷети умумӣ 102,3 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 105 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми андозҳою пардохтҳои воридшуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешина буҷети умумӣ 50,9 млн. сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 119,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳр бошад, пурра таъмин гардида, 65,1 фоиз ё 154,9 миллион сомонӣ барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шуда, қарздорӣ аз музди маош дар ин соҳаҳо ҷой надорад.

Вобаста ба тадбирҳои ободонӣ иттилоъ дода шуд, ки дар доираи маъракаи “1300 рўзи меҳнати зарбдор бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба муносибати истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо бунёди 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ пешбинӣ гардида, то имрўз 546 иншоот бо маблағи 1,3 млрд. сомонӣ ва 2990 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, иҷрои нақша 107 фоиз таъмин гардид. Аз ин миқдор бунёди 73 иншоот ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Дар гулзоркунию сабзгардонии шаҳр соҳибкорону аҳолӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар умум ба миқдори 6,9 ҳазор адад дарахтони ороишию мевадиҳанда ва ҳамешасабз, 1,7 млн. дона гулҳои ҳархелаи ороишӣ, зиёда аз 200 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад. Баҳри ба талаботи муосир ҷавобгўй гардидани роҳҳо дар давраи ҳисоботӣ 51,1 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 34,1 км таъмири асосӣ ва 17,1 км таъмири ҷорӣ ба иҷро расонида шудааст.

Шаҳрдор гуфт, ки баҳри дастгирии иҷтимоии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат дар ин давра 6550 оилаҳо аёдат карда шуданд.

Ҳамчун самти афзалиятнок ба рушди соҳаи маорифу тандурустӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурўғи маърифат» 60 адад маҳфилҳои «Ровиёни беҳтарин», «Шеърдўстони беҳтарин», «Техникони наврас», «Математикони ҷавон», «Барномасозон» ва «Табиатдўстони ҷавон» дар муассисаҳои таълимӣ амал намуда истодаанд.

Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сол аз сол зиёд гардида, дар ин давра 205 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Баҳри тақвияти хизматрасонии тиббӣ дар ин давра 4 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо 82 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Баҳри рушди маънавии ҷомеа дар шаҳр 219 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-сиёсӣ доир гардид, ки зиёда аз 68 ҳазор нафар иштирок намуданд. Илова бар ин, 12,5 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки ба шаҳри Хуҷанд ташриф намуда буданд, аз ин чорабиниҳо бархурдор шуданд.

Таъкид шуд, ки дар баробари дастовардҳои ноил гардида, дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо баҳри ҳалли онҳо чораҳои ҳамарўза меандешем. Соли ҷорӣ низ кулли сокинон бо руҳияи созандагию ташаббускорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азм намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 30-юмин солгарди иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.

Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ, аз ҷумла тақвияти корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъмини аҳолии муҳаллаҳои навбунёд бо оби нӯшокӣ, бакорандозии корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда, тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, амалишавии нақшаи генералии шаҳр ва ғайраҳо саволҳо матраҳ ва аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд посухҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон як гуруҳ рӯзноманигорон пешниҳодоти судманд баҳри ободонии шаҳр ба Раиси шаҳр ироа намуданд.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода хостгори тақвияти густурудаи ҳамкориҳо ба расонаҳои хабарӣ шуда, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ бо дарки баланди масъулият, тамоми имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зиндагии шоиста барои мардум сафарбар намуда, меҳнати софдилонаро сармашқи фаъолият қарор дода, дар ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр саҳми босазо мегузорад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд