(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 22-29 январ доир гардид ва дар қатори дигар варзишгарони мамлакат 2 нафар варзишгарони шаҳри Хуҷанд: Шаҳбоз Ҳайитов, дастпарвари Мактаби захираҳои олимпии шаҳр мақоми дуюм ва Хусравхон Раҳимов дастпарвари мактаби варзишии №4 мақоми сеюми мусобиқаро соҳиб гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки варзишгари тоҷик Давлат Болтаев дар муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар финал бар варзишгари Қирғизистон Рустам Урурсбек уулу пирӯз шуд.

Дар финал 7 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба карданд ва танҳо Давлат Болтаев дар вазни -92кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Дигар варзишгаронамон — Сумайя Қосимова (48кг), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Некрӯз Салимов (80кг), Шаҳбоз Ҳаитов (86кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) аз ҳарифонашон шикаст хӯрда, сазовори медали нуқра шуданд.

Қаблан Малика Нозимова (63кг), Ҳусния Холова (52кг), Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 11 нафар ба гирифтани медалҳо- 1 тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ мушарраф шуданд.

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доштанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд