(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Коргоҳи коркарди чӯбу тахта ва истеҳсолои дару тирезаҳо бунёд мегардад.Фароҳам омадани сиёсати созандаи бунёдкорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд то интиҳои соли равон ба фаъолият оғоз намудани чандин корҳоинаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар назар аст.
Яке аз ин коргоҳҳо ҶДММ КФ «Фортуна-К.0» аст. Корхонаи мазкур барои истеҳсоли маҳсулоти чӯбӣ аз қабили дару тиреза, фарш ва дигар маҳсулоти чӯбу тахтагӣ ва коркарди онҳо пешбинӣ гардидааст. Корхонаи мазкур дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир шуда, аз сехҳои коркарди ҷуб, истеҳсоли дару тиреза рангубордиҳӣ ва гайра иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздиди корӣ аз ин коргоҳи навбунёд нисбати корҳои сохтмонӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти нави муосири коркарди чӯб ва сохтани дару тирезаҳои байниҳуҷравӣ мароқ зоҳир намуд. Роҳбарияти коргоҳ ният доранд то интиҳои соли равон корҳои васлу танзими таҷҳизот,истеҳсоли таҷрибавии маҳсулотро ба интиҳо расонанд. Коргоҳи мазкур барои фаъолияти худ наздик 100 нафар мутахассисон ва хоҳишмандонро бо ҷойи корӣ таъмин хоҳад кард. Маҳсулоти чӯбӣ тибқи ороиш ва сабки итолиёвӣ ба харидорон пешниҳод хоҳад шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, ки коргоҳ барои рақобатпазир гаштани маҳсулоти худ аз таҷҳизоти технологии ширкатҳои бонуфуз истифода баранд. Барои ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ширкат буғхонаи худро бунёд менамояд, ки он аз партови истеҳсолии худи коргоҳ бо омехтагии ангишт мавриди истифода қарор мегирад.