(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҳайати таблиғотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷўёни ин муасисаи таълимӣ баргузор гардид.

Мулоқотро муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли нави милодӣ ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд мебошад. Ин таҷриба дар кишвари мо шурӯъ аз соли 2000-ум оғоз ёфт. Зеро тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд, Ҳукумати кишвар аз замони соҳибистиқлолиаш то соли 2000-ум танҳо барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ кӯшиш варзид. Минбаъд Тоҷикистон аз давлатсозӣ ба давлатдорӣ шурӯъ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин марҳилаи созанда Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошта, дар замони муосир пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд.

Сипас аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон Мадина Набизода дар мавзуъи “Саҳми занон дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа”, устоди ДПДТТ Хайринисо Темурова дар мавзӯи “Маориф омили рушди стратегии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аъзои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов дар мавзӯи “Баррасии ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Пешвои миллат”, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ботур Алимов дар мавзӯи “Баррасии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии Пешвои миллат” ва дигарон суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад. Паём ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Яке аз нуктаҳои асосии Паём ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа бахшида шуда, вобаста ба ҷойгоҳи зан дар ҳаёти сиёсиву маънавии кишвар Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд: “Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд”.

Зикр гардид, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ соҳаи маорифро ояндаи обод, шукуфоӣ ва шинохти башарӣ унвон намудаанд. Аз ин лиҳоз, таъкид намуданд, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад”. Дар ҳақиқат дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои рушди соҳаи маориф, хоссатан пешрафти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бисёр корҳои неку шоиста анҷом дода шуданд.

Татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ чун вазифаи асосии Сарвари давлат дар назди халқ меистод. Хушбахтона, давра ба давра ҳадафҳои стратегии мамлакат дар амал татбиқ шуда, ҳоло иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босураъти мамлакат дар назди мо меистад. Ба ин хотир солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардид.

Воқеан, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат барои фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум мусоидат хоҳад кард. Хушбахтона Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар самти омоданамои мутахассисони варзидаи ҳар чор соҳа давоми як даҳсолаи охир хеле корҳои назаррасро анҷом дода меояд. Ҳамасола наздик ба 1000 нафар хатмкунандагон дар соҳаҳои мухталифи муҳандиси роҳу нақлиёт, энергетика, соҳаи саноати сабук, маҳсулоти хӯрока, бонкдорӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ муваффақ мешаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд