(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияву тадбирҳои амалӣ андешида шуда, бо ташаббуси бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Маркази саломатии рақами 3, дар минтақаҳои серодами шаҳр аз ҷумла дар бозорҳо, марказҳои савдо, автобусҳо ва микроавтобус аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Ҳама ваксина мегирем то солим бимонем" гузаронида шуд.

Дар аксия варақаҳои иттилооти оид ба хатарҳои бемории сироятии КОВИД - 19 ва зарурати гирифтани ваксина тақсимот гардид.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Хуҷанд бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд. Онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузорӣ менамоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд