(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд аз сохтмони сехи нави коркарди шир дидан намуд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд аз чанд иншотҳои сохташаванда ва коргоҳҳои нави истеҳсолии маркази вилоят, ки ҳаҷми маҳсулоти хешро зиёд намудани ҳастанд дидан намуд.
Сараввал Раиси шаҳри Хуҷанд аз корҳои сохтмонии коргоҳи нави коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширии «Порсои Хуҷанд», ки маҳсулоти худро бо тамғаи «Файзи Расул» истеҳсол намудани аст, ошно гардид.
Коргоҳи мазкур ният дорад маҳсулоти шири ноҳияи Шаҳристон, Мастчоҳ ва нохияи Б. Ғафуровро коркард намуда, зиёда аз 10 намуд маводи шириро манзури харидоорон намоянд. Бо ин мақсад ҳоло бунёди сехи нав барои васлу танзими се хатти нави истеҳсолӣ бо истифодаи таҷҳизоти кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия идома дорад. Тибқи нақша аввалин маротиба таҷхизоти коркарди маҳсулоти шири,ки  мӯхлати нигоҳдориаш то 6 моҳ аст, ба истифрда дода мешавад. Ин имкон медиҳад,ки минбаъд маҳсулоти ин ширкат ба  хориҷи вилоят  пешниҳод  шуда, иқтидори коргоҳҳоро ҳам нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи ҳаҷми маҳсулот бештар намояд. Дар баробари ин 50 нафар хоҳишмандон бо ҷойи кории доимӣ таъмин гашта иқтидори коргоҳ то 50 тонна коркарди шир дар як шабонарӯзро ташкил хоҳад дод. Директори ҶДММ «Порсои Хуҷанд» Равшанхон Умаров барои дастгирии ҳамаҷониба ва сари вақт омода намудани тамоми масалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, ба расмият даровардани фаъолияти коргоҳ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори сипос намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод,ки дар коргоҳ нисбати корҳои ободонӣ ва зебогардонӣ низ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҳамчунин пешбинӣ намудани содироти маҳсулоти хушсифати коргоҳ ба кишварҳои ҳамсоя, таҳияи нақшаи корҳои сохтмонӣ ва омода намудани корхона ба фаъолият аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода  таъкид  гардид.