(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар давраи таътили зимистонаи толибилмон озмуни шаҳрии “Ҷомихонӣ” бо мақсади дастгирӣ намудани ташаббусҳои эҷодӣ, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ дар қироати шеъру ғазал, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавонону наврасон, ки маҳорати хуби ровигӣ доранд, дар МТМУ №5 баргузор гардид.

Дар озмун аз муассисаҳои таълимии шаҳр беш аз 50 нафар хонандагони макотиби шаҳр иштирок намуда, бо қироати ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ маҳорати ровигӣ ва истеъдоди худро намоиш доданд. Ҳайати ҳакамон ба ҳар як баромади иштирокчиён баҳои сазовор дода, ғолибонро муайян намуданд.

Дар натиҷа, ҷойи аввал насиби Меҳрангез Набиева аз мактаби хусусии “Ганҷ” гардид. Мақоми дуюмро Остонаев Билолиддин аз МТМУ №31 ва Тоҳирзода Диловар аз МТМУ №17 сазовор гардиданд. Мақоми сеюм ба Озода Ғафурова аз литсейи №1, Мухлиса Исобоева аз мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов ва Сафия Обидова аз МТМУ №3 муносиб дониста шуд. Озмуни “Ҷомихонӣ” ҷамъбаст гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон диплом ва ба иштирокчиёни фаъол сипосномаҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд