(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода ва Гулбаҳор Назирӣ роҷеъ ба мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид.

Мулоқотро Фирўза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода ва Гулбаҳор Назирӣ роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маълумот дода, аз ҷумла афзуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад. Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Роҳбари Давлат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.

Ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд.

Дар Паём иттилоъ дода шуд, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад. Бинобар ин, падару модарон бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад. Мо насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ мекунем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд