(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ доир шуд, ки дар он Фируза Нуруллозода муовини Раиси шаҳри Хуҷанд низ иштирок намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади хеш қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихист, зеро он тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишварро барои як сол ва солҳои минбаъда мушаххас менамояд. Дар идома, илова гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуда ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шуд.

Сипас, Наим Маликисломӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, иброз дошт, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он дарбаргирандаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.

Дар интиҳо муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров меҳмононро ҷиҳати иштирок дар мулоқот шодбош намуда, қайд кард, ки Паём каломи самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, пайғоми пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд