(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмруз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Аълочии маорифи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф Муҳаббат Шарифхўҷаеваро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хизмати бенуқсони Муҳаббат Шарифхўҷаеваро давоми зиёда аз 50 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Хуҷанд барои насли имрўз намунаи олии пайравӣ ва дарси омўзиш унвон намуда, мавсуфро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Муҳаббат Шарифхўҷаева аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати собиқадорон арзи миннатдорӣ баён карда, таъкид дошт, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. Соли 2021 дар таърихи давлатдории навини миллии тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Дар натиҷаи заҳмати софдилона, фаъолияти содиқона ва саъю талоши ватандӯстонаи халқи Тоҷикистон тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то дурдасттарин деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии сокинони мамлакат бартараф карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд