(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ИСТИҚБОЛИ СОЛИ ДАСТОВАРДҲОИ НАВ

Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли хушнудӣ ва фараҳмандии зиёд фарорасии Соли нави мелодиро ба кулли ҳамдиёрон бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои наҷиб табрику муборакбод намуда, бароятон саломатию сарбаландӣ, умри бобаракат, хушҳоливу хушрўзӣ ва ба хонадонатон рўзгори ободу осуда, дастархони пурнозу неъмат ва фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамдилии ҳамешагиро таманно менамоям.

Боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки соли сипаригардида дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол соли муқаддасу муборак маҳсуб гардида, он дар саҳифаҳои таърихи кишвари маҳбубамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Зеро мардуми сарбаланду тамаддунофари халқи тоҷик таҳти роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои беназири сиёсатмадори барҷаста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи қавӣ, рўҳияи баланди хештаншиносию худогоҳии миллӣ ва заҳмати софдилона ба хотири фардои дурахшони Ватани азизамон ҷашни пуршукўҳи миллӣ 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамонро таҷлил намуд.

Соли 2021 дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд марҳилаи муҳиме гардид. Давоми сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар қаламрави вилояти Суғд сафари хидматӣ анҷом дода, дар доираи он дар шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Хуҷанд корхонаҳои нави саноатиро ба истифода доданд. Дар ин муддат 17 корхонаи нави хурду калон ба кор даромада, беш аз 200 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин карда шуд.

Сокинони шарафманду соҳибхиради Хуҷанди бостонӣ бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил таҳти роҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи доимии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои рўзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин соли таърихӣ баҳри саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаю арзандаи ҳар сокини шаҳрамон корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Дар Паёми имсолаашон Пешвои муаззами миллат солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Ин иқдоми Сарвари давлат ба шаҳри Хуҷанд, ки асосан шаҳри саноатист, вазифаҳои бузургро вогузор намуд. Аз ин лиҳоз, аз рўзҳои аввали соли нави фарорасида, мо бояд баҳри амалӣ гардидани он заминаҳои мустаҳкам гузорем.

Соли 2022 соли таърихӣ- таҷлили 25 – умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳи тоҷикон, 30 – юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз ин рў, бо боварии том метавон гуфт, ки мардуми заҳматкашу зафарпешаи Хуҷанд бо азму иродаи қавӣ ин санаҳои муҳими таърихиро бо дастоварду натиҷаҳои баланди меҳнатӣ сазовор истиқбол хоҳад кард.

Мо ба нерўи созанда ва фарҳангсолориву таҳам- мулгароии мардум такя намуда, умед бар он дорем, ки ҳамаи имконият ва нерўи хешро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастовардҳо ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар хоҳад намуд.

Бигзор Соли нави мелодӣ, барои ҳар хонадони тоҷик соли пурбарору комёбиҳо, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони арҷманд!