(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз аз ҷониби Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд саробони оилаҳои Абдуғаниевҳо, Ўруновҳо ва Ҳошимоваҳо, ки аз 4 то 9 нафарӣ дар хонаводаашон ашхоси маъюбу имконияташон маҳдуд доранд, аёдат карда шуда, бо соли нави мелодӣ табрику таҳният намуданд.

Зайнура Азимӣ зимни ироаи номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла афзуд, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мушарраф гардида истодаем.

Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем. Дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ боварии мардуми Тоҷикистони маҳбуби мо, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғдро ба ояндаи дурахшонамон зиёд намуда, барои меҳнати содиқонаву созанда ҳидоят менамоянд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид намуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Аз ҷумла, соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.

Холнисо Абдуғаниева, Темур Ўрунов ва Фароғат Ҳошимова барои таваҷҷуҳи доимӣ ва таманниёти идона ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 156 нафар маъюбони дар як оила 3 ва зиёда маъюбиядоштаи шаҳр маблағҳои пулӣ ҷудо ва дастрас карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд