(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз дар доираи тақвият ва рушди муносибатҳои шарикӣ байни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ширкати "Tcell" ва инчунин бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос ва омӯзиши рақамӣ ва дигар ҷабҳахо аз ҷониби директори донишкада Дилафрўз Саидӣ ва директори генералии ширкати "Tcell" Озодхон Давлатшоев ҳуҷҷати Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳадафи Ёддошти ҳамкорӣ табодул ва рушди иттилооту фарҳанг, ҳамкорӣ дар бахши илму маориф ва тавсеаи тарҳҳои иҷтимоию экологӣ мебошад.

Ҳамчунин тибқи ин Ёддошти ҳамкорӣ тарафҳо уҳдадор шуданд, ки дар рушду тавсеаи ҳамкории илмӣ дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, мубодилаи таҷрибаи рушди усулҳои пешрафтаи таълим, ташкили симипозиумҳои муштарак, ҳамоишу мизҳои мудаввар, рӯзи дарҳои боз, гузаронидани барнома ва лоиҳаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар ростои омода кардани кадрҳо ва кормандони баландихтисос, даъвати намояндаҳои ҷонибҳо барои мутолиаву хондани лексияҳо, табодули таҷриба иттилоъ дар мавриди маҳорату малакаҳои амалӣ, баргузории лексияҳо, дарсҳои маҳорат, аз ҷумла дар реҷаи “онлайн” барои донишҷӯёни соли аввал ва хатмкунандагони донишгоҳ, табодули иттилоъ ва интишорот дар мавриди чорабиниҳои баргузоршаванда, баланд бардоштани дониши тахассусии донишҷӯён ва ғайраҳо чорабиниву маъракаҳои гуногунро роҳандозӣ намоянд.

Гузашта аз ин тибқи санади ба имзорасида ширкати “Тселл” уҳдадор шудааст, ки баҳри таҷрибаомўзии донишҷӯён дар ширкат шароит фароҳам созад, ташкили робитаи корпоративӣ миёни устодон ва кормандони донишкадаро роҳандозӣ намояд, дастрасии ройгони донишҷӯён ба манбаъҳои маҳалӣ (серверҳои локалӣ) ва китобхонаи онлайн таъмин созад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд