(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва тамоми идораву ташкилот ва муассисаву корхона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи маҳаллаву чойхонахонаҳо ва манзили истиқоматӣ сокини шаҳри Хуҷанд Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум ироа гардид, тамошо намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз Маҷмааи Давлатии «Кохи Сомон» тавассути шабакаҳои радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Тавре, ки дар Паёми навбатӣ низ зикр гардид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст. Соли ҷорӣ мо барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ пешбинишуда қадамҳои устувор гузоштем ва солҳои минбаъда низ бояд дар ин самт корҳо тақвият ёванд.

Иттилоъ дода шуд, ки Аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати ҳамаи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда мешавад. Пешниҳод гардид, ки ки аз 1 январ маоши кормандони низомӣ 25 дарсад ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ 20 дарсад зиёд карда шавад. Ҳадди ақали музди меҳнат то 50% боло бурда, 600 сомонӣ муқаррар карда шавад. Аз 1 июли соли 2022 андозаи нафақаи ҷорӣ барои кӯдакони ятим низ 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Вобаста ба рушди соҳаи гидроэнергетика таъкид шуд, ки давоми 20 соли охир кишвар аз буҳрони энергетикӣ бомуваффақият баромада, дар мамлакат қариб 300 объекти нави ин соҳа ба истифода дода шуд. Аз соли 2011 инҷониб кишвар аз бунбасти энергетикӣ баромада, ба системаи ягонаи энергетикӣ гузашт. Аз ин давра то кунун дар Тоҷикистон 287 иншооти нави энергетикӣ ба истифода дода, қариб 1,5 ҳазор километр хатти баландшиддати нерӯи барқ ва 50 истгоҳ ба истифода дода шуд. Зикр гардид, ки ҳоло рушди энержии сабз ва алтернативӣ муҳим аст ва ин бояд яке аз ҳадафҳои асосии рушди давлат гардад.

“То ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар солҳои рушди саноат эълон карда шавад",- таъкид карданд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамзамон ба масъулин дастур доданд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд.

Даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.

Дар анҷоми Паёми Роҳбари Давлат изҳори умедворӣ карда шуд, ки халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд