(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ ба муносибати 40 солагии фаъолияти кории Аълочии Тандурустии ҶТ, Аълочии маориф ва илми ҶТ , ҷонишини директор оид ба таҷриаомўзиии муассисаи мазкур Сайфулло Саидов конфронси илмӣ амалӣ баргузор гарид.

Дар конфронс намояндагони Раёсати тандурустии вилоят, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд, устодону ҳамкорон ва шогирдон ширкат варзиданд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд меҳрномаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати фаъолияти наҷиб ва ибратбахши Сайфулло Саидов ироа намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки мавсуф ҳамчун омӯзгори пуртаҷрибаву кордон буда, машғулиятҳои таълимии худро сифатнок ва самаранок, ҳамчунин бо истифода аз усулҳои фаъолу беҳтарини таълим, муҷаҳҳаз бо аёнияту асбобҳои таҷрибавӣ мегузорад. Худ меомӯзаду меомӯзонад. Доир ба якчанд мавзӯъҳои басталаби таълимӣ аз зумраи «Беҳдошти истеъмоли хӯрок», «Беҳдошти об ва бо об таъминкунии ҷойҳои аҳолинишин», «Беҳдошти кӯдакон ва наврасон» дастурҳои методӣ таълиф намудааст. Ҳамвора дар корҳои ҷамъиятии коллеҷ ва шаҳр ва фаъолона ширкат меварзад. Дар конфронсу маҳфилҳои илмиву адабии Вазорат ва коллеҷи тиббӣ муттасил ширкат варзида, тарафдори наоварӣ, навгониҳо мебошад.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода фаъолияти пурсамари Сайфулло Саидовро барои шогирдон ва ҳамкорон намунаи оилии пайравӣ унвон намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки устод инсони наҷибу фозилу одилу нуқтасанҷ буда, бо хислати хамидаи худ бо таҷрибаи бою рангини фаъолияти кории худ тавонистааст, ки меҳри касби худро дар қалби ҳазорон шогирдонашон, дар умури бурду барори ҳамкасбон ҷой диҳад.

Сипас намояндагони Раёсати тандурустии вилоят, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тиб, сардухтури беморхонаи шаҳрии №1, Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ҳамкорону пайвандон доир ба паҳлуҳои гуногунҷабҳаи Сайфулло Саидов маълумот доданд.

Сайфулло Саидов барои ташкили чунин конфронс ва маҳфили хотирмон ба масъулин изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки ин ҳама натиҷаи сиёсати инсондўстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайваста баҳри қадршиносии пирони рўзгордида ва собиқадор ҳидоятҳо менамоянд.

Барномаи фарҳангии аҳли ҷомеаи Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чорабинии мазкур бо ибтикороти тозаи Кумитаи иттифоқи касабаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд