(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии маърифатӣ ҷиҳати амалисози тадбирҳо оид ба иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” доир гардид.

Дар чорабинӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Сулҳиддин Ғоибзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Мирзобек Мирзобоев, ходими дин, имомхатиби масҷиди ҷомеи “Ихлос” Абдулҳафиз Аҳадов, сармутахассиси бахши дин, танзим, анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД –и шаҳри Хуҷанд Ҳусейнхон Охунҷонов иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи Дилафрўз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки дар сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти кишвар, ҳифзи суботи ҷомеа нақши калидӣ дорад. Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба амалҳои зиддитеррористӣ, ки аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид таҳияву эълон ва эътироф шудаанд. Гузашта аз ин барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ моҳи ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард.

Сулҳиддин Ғоибзода аҳамияти қабули “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” – ро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ва ташвишовари глобалӣ дар ҷаҳони муосир ин паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар ва хатарзо терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм дар қатори ҷиноятҳои хавфнок ҷой гирифта, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои ба мақсадҳои ғаразноку вайронкунандаи худ ноил шудан даст ба кирдорҳои гуногуни даҳшатбор ва нангомез мезананд.Ташкилотҳои экстремистӣ барои вайрон намудани ақидаи мардум шаҳрвандони зудбовари дунёро бо фиреби худ бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлат ва ҳукумат бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Бо чунин восита дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан истифода мебаранд. Аз маълумотҳо бармеояд, ки дар ҳамаи минтақаҳо теъдоди зиёди қурбоншудагони терроризм ва экстремизмро ҷавонон ташкил мекунанд. Бинобар ин ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода худро аз ин фиребгарон дифоъ намуда тавонанд. Баҳри амнияту сулҳу осоиштагии кишвар талош намоянд.

Дар баромади Мирзобек Мирзобоев зикр шуд: “Гарчанде, ки дар солҳои охир тадбирҳо ҷиҳати мубориза барои нобуд сохтани ин вабои аср андешидашуда шуда бошад ҳам, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти коршиносони ҷаҳони имрӯз дар тамоми дунё зиёда аз 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои исломӣ амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд”.

Абдулҳафиз Аҳадов зимни баромад аз таърихи пурғановати кишварамон бо меҳр ҳарф зада, зикр дошт, ки на ҳар авму миллатҳо дорои чунин фарҳанг ва адабиёти бою қадима дорад. Мо насли ҷавонро аз Роҳбари давлат ибрат гирифта ба маънавиёт, хоса ба китобхонӣ, ошноӣ аз таърихи куҳани миллатамон даъват намоем. Дар ҷаҳони муосири илму техника муошират бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле тараққӣ карда истодааст. Чи хеле, ки ба ҳама аз ахборҳои умумиҷаҳонӣ маълум гашт, ҳамаи ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстримистӣ шомил мешаванд, аввал тӯли чанд муддат бо воситаи шабакаҳои иҷтимои фикронии онҳоро нисбат ба давлати худ шахсони ба ин гурӯҳҳо шомилшуда дигаргун месозанд. Сониян омили дигари шомилшавӣ ин пат будани дониши сиёсӣ ва зимни муҳоҷират пайвастан шудан ба шабакаҳои ифротгароиву террористӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, мо фардхои ватандӯстро месазад, ки набояд ҳушёрӣ ва ҷасуриро аз даст диҳем, зеро пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, осудагии мардум ва пешрафти соҳаҳои муҳими ҳаёт, қабл аз ҳама аз сатҳи баланди ҳисси ватандӯстӣ, матонату ҷасорат, зиракиву дилгармии мо наслҳои имрӯзу фардо вобастагии зич дорад.

Дар интиҳои чорабинӣ Дилафрӯз Саидӣ директори донишкада зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмиллалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои сари вақт дар амал татбиқ шудани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад. Бар замми ин Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Инчунин 30 марти соли 2006 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои зиёди характери террористӣ ва экстремистӣ доштаро манъ кард. Вобаста ба татбиқи амалии дастури Сарвари давлат дар кишвар чандин Барномаҳои давлатӣ рӯи кор омада, санаи 1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд. Ҳадафи асосии стратегияи мазкур ин пеш аз ҳама ҳушдор додани ҷавонон аз оқибатҳои ногувори шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ мебошад. Баланд бардошани дониши сиёсӣ, ифтихори миллӣ ҳадафҳои дигари стратегия маҳсуб меёбад.

Мавсуф аз шароиту имконоте, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ҷиҳати илмомӯзӣ, рушду такомули зеҳнӣ муҳайё кардааст ёдовар шуда, таъкид дошт, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои тақвияти дониши муҳассилин 167 кабинети фаннӣ, аз ҷумла 7 толори лексионӣ, 36 озмоишгоҳ, 2 сехи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи таълимиву таҷрибавӣ, 15 синфхонаи компютерӣ, 4 кабинети лингофонӣ, 2 толор ва майдони варзишӣ хизмат мекунад, ки чунин имконот дар ягон давру замон набуд. Донишҷӯёнро мебояд, ки пайваста барои андӯхтани дониш кӯшиш варзанд, ҳамсолони худро барои ватандӯстӣ ҳидоят намоянд аз оқибатҳои нанговари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боз доранд. Ба рӯи онҳо дари муассисаҳои касбомӯзӣ, макотиби миёна ва олии касбӣ боз аст. Фурсатро ғанимат шуморида барои мӯҳташам гардонидани бинои Кохи бузурги истиқлол бо амалу рафтори нек хиште гузоранд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд