(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар идораи нозироти андози шаҳри Хуҷанд мулоқоти мудири филиали №24-и бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"дар шаҳри Хуҷанд бо соҳибкорон баргузор гардид.

Меҳрдод Қаҳҳорзода, мудири филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд зимни мулоқоти озоду ошкоро аз фаъолияти имрўзаи ин бонки давлатӣ ба соҳибкорон иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъмин намудани рақобат-пазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии дохилию минтақавӣ нақши бонкҳо аҳамияти калидӣ дорад. Барои мо аз ҳама муҳим боварии мардум аст. Зеро бидуни эътимоди қавии омма мо фаъолият бурда наметавонем. Асоси фаъолияти кормандони бонк бо мардум муомилаи дуруст буда, ба ин васила одоби баланди миллии хешро нишон медиҳем.

Меҳрдод Қаҳҳорзода афзуд, ки филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд омодааст, ки бо ҳамагуна қишрҳои ҷомеа бахусус бо соҳибкорон, ба рушди мамлакат саҳми муносиб мегузоранд, имтиёзу имкноти васеи ҳамкорори пешниҳод менамояд. Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Ин низом дар фаъолияти Бонки давлатии «Амонатбонк» ба хубӣ ба мушоҳида мерасад. Ҷоиз ба зикр аст, ки Бонки давлатии «Амонатбонк» буда, дар ҳама ҳолат ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози кишвар, ки эътимоди мардум ба он зиёд аст, мавқеи устувори худро дорад.

Дар бонк бо ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосиру ҷадид имконоти гирифтани қарзи бо фоизхои пасттарин, интиқоли маблағ аз Федератсияи Руссия тариқи корти миллӣ, пардохтҳои андозӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ осон ва қулай шудааст.

Имрӯз ин бонки «Амонтбонк» дар шаҳри Хуҷанд имкон дорад, ки хизматрасонии бемайлони хешро ба мизоҷон, алалхусус ба нафақахӯрон роҳандозӣ намуда, ҳамзамон пардохтҳои фаврии бо усули муосир мутобиқшудаи маблағҳои коммуналӣ, андозҳо ва дигар хизматрасониҳоро ба анҷом расонад. Ҳамчунин дар бонки мазкур ҷалби навъҳои гуногуни пасандозҳои шаҳрвандон низ ба назар гирифта, пешниҳоди қарзҳоро бо фоизҳои пасттарин ба роҳ монда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 12 марказ ва 6 нуқтаҳои хизматрасонии бонки давлатии «Амонатбонк» фаъол гардида, беш аз 60 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Зимни мулоқот соҳибкорон бо суолу дархостҳои хеш муроҷиат намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд