(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён ҳамасола озмуни “Мураббии сол” баргузор мегардад.

Дар Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни мазкур баргузор гардида, ҳайати ҳакамон бо роҳбарии сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ба донишу истеъдод ва малакаи иштирокчиён баҳои сазовор доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даври вилоятии озмуни “Мураббии сол” дар байни 5 иштирокчии озмун мураббияи ширхоргоҳ-кӯдакистони №23 Таҳмина Абдуалиева бо гирифтани холҳои баландтарин сазовори мақоми аввал гардид.

Мо бо ин дастоварди арзанда мураббияи соҳибистеъдод Таҳмина Абдуалиеваро самимона табрику таҳният гуфта, барояш дар озмуни ҷумҳуриявӣ барору комёбиҳо таманно менамоем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд