(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Маҷлиси машваратии омӯзгорон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Маҷлиси машваратии кормандони соҳаи маориф ин навбат ба мавзӯи «Зарурат ва таҳияи ташкили мониторинг ва шаклҳои он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои кори омӯзгорон дар маҳфилҳои методии фаннӣ ва маҳсули кори омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дидан намуд.
Бадан доири мазӯи номбурда дар оғоз мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов баромад намуда, таъкид намуд, ки роҳандозии низоми мониторингӣ пеш аз хама ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбӣ расонда, барои баланд гаштани тахассуси омӯзгорон, такмили раванди тадрис заминаи устувор мегузорад. Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод, то ин низоми пешниҳодгардида, чун таҷриба қаблан дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 маркази вилоят истифода шуда, баъди натиҷагирӣ барои дигар мактабҳо бо назардошти таҷрибаи ҳосилгашта ҷорӣ карда шавад.
Ҳамчунин омӯзгорон дар мавзӯи «Тарз ва роҳҳои гузаронидани рейтинг дар муассисаҳои таълимӣ» мулоҳизаи ҳамдигарро шунида, усули муқаррар намудани рейтинг ё худ иштироку савияи дониши толибилмро тариқи усули пешниҳод гашта, баррасӣ намуданд.
Омӯзгори ҷавон Бахтиёр Қодиров андешаҳои худро аз дастоварду мушкилоти фаъолияти омӯзгорони ҷавон дар оғози фаъолият изҳор намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ қайд намуд,ки имрӯз маълумоти оморӣ худ гувоҳи он аст,ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон нисбати таълим тарбияи насли наврас ва савияи дониши онҳо аҳамияти хоса медиҳанд. Танҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои соли 2014 зиёда аз 35 миллион сомонӣ маблағ зиёд пешибинӣ гардидааст,ки нисбати соли гузашта зиёда аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.
«Омӯзгорон чун фарди ояндасози миллат имрӯз беш аз ҳама масъулият ва вазифаи пурифтихорро ба зимма доранд. Бинобар он дарки ин масъулият ва тавачҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кули ҷомеаи омӯзгоронро ба заҳмати дучанд водор месозад.
Аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2013-2014 - 2 нафар хатмкунандагон – Мирзоҷамшедзода Нафиса аз Гимназияи хусусии Гёте мактабро бо «Медали тилло» ва Бобоҷонов Хуршед аз «Мактаби хусусии Рустамов» бо «Медали нуқра» хатм намуданд».
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин таъкид намуд,ки имрӯз занону ҷавондухтарони мо бояд анъанаҳои неки худро пос дошта, тарзи либоспӯшии миллии маҳаллиро бояд риоя намоянд.
Дар ниҳояти чорабинӣ ба роҳбари мактаби хусусии «Файз» Толис Исоев ва муаллимаи фанни забони русии мактаби таҳсилоти умумии № 8 Гулнора Ҷӯраева нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 20 нафар омӯзгорони пешқадам бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супорида шуда, 20 нафар собиқадорони соҳа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.