(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАз ҷониби Ситоди шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии бемории короновирус ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияву тадбирҳои амалӣ ҷиҳати рафъи ин беморӣ сурат гирифта истодаааст.

Бахусус даъвати мардум ба маъракаи эмгузаронӣ асоси фаъолияти аъзои ситоди шаҳрӣ гардидааст. Ин иқдомот барои хотима додан ба пандемияи COVID-19, коҳиш додани таъсири харобиовари иҷтимоӣ ва иқтисодии он ва беҳтар кардани омодагӣ ба вокуниш ба авҷгирии оянда идома хоҳад ёфт.

Дар мавзеъи Регистони бозори “Панҷшанбе” бо иқдоми Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби сироятшиносон, духтурони маркази саломатии №3, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ризокорон аксияи густурдаи эмгузаронӣ ташкил карда шуд.

Давоми ташкили аксия беш аз 30 нафар шаҳрвандон ваксина гирифтанд.

Бояд гуфт, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Хуҷанд бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар хоссатан дар самти саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Дар ин росто, мавриди зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд