(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас дар муассисаи таълимии ғайридавлатии гимназияи «Кавсар» мусобиқаи санҷиши донишаздукунии хонандагон таҳти унвони «Иди алифбои химия» баргузор гардид.

Хонандагон ба ду гуруҳ: «Кислород» ва «Водород» ҷудо шуда, тибқи шартҳои мусобиқа сатҳи донишҳои худро санҷиданд.

Зимни муаррифӣ, баёни элементҳои кимёвӣ, ҳалли масоили химиявӣ, чистонҳои химиявӣ ва замзамаи суруд маълум гардид ки муҳассилин ба омўзиши фанни дақиқ шавқи зиёд доранд.

Дар анҷоми мусобиқа маъмурияти муассиса онро натиҷагирӣ намуда, таъкид дошт, ки ин тадбир бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, ҷорӣ ва азхуд намудани техникаю технологияи муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад.

Сипас ба хонандагони фаъол ва омўзгорони навовар диплом ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд