(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бо ҳузури аъзои Шӯрои мазкур, мудирони шуъбаву сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ, роҳбарони аввали идораву ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, сардухтурони марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои шаҳрӣ, мақомоти назоратии соҳавӣ, хадамоти иҷро ва дигар масъулин баргузор гардид.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар фаъолияти масъулини МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, ташкилоту муассисаҳо, соҳаи маорифу тандурустӣ ва дигар субъектони дахлдор тайи солҳои 2019-2021 мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Авазҷон Назарзода афзуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ дошта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.”

Ҳамзамон, тибқи талаботи моддаи 31-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.”

Масъалаи қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои онҳо зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Роҳбари Давлат ҳануз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019с. қайд намуданд, ки “Фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар мавриди баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест”.

Ба хотири расидан ба ин ҳадафҳо дар ҷумҳурӣ заминаҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23.07.2016с., инчунин “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2017с. таҳти №276 қабул карда шудааст.

Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлат прокуратураи шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, бахусус риояи тартиби қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо дар фаъолияти масъулини МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо дар давраи солҳои 2019, 2020 ва сипаригаштаи соли 2021 мавриди таҳлил, санҷиш ва ҷамъбаст қарор дод.

Таҳлил ва ҷамъбаст нишон дод, ки баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, бахусус ба қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои онҳо аз ҷониби масъулини МИҲД, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо корҳои муайяне ба иҷро расонида шудааст.

Новобаста аз ин, аз тарафи баъзе шахсони масъул ва дигар ташкилоту муассисаҳо зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳлатҳои баррасӣ вайрон карда шуда, талаботи Дастурамали “Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №276,аз 01.06.2017 сол тасдиқ карда шудааст, риоя карда нашуда, ба муаллифони муроҷиат ҷавобҳо сари вақт гардонида нашудаанд.

Сипас Дилшод Раҳмонзода ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд баромад карда, зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ талаб намуданд, ки дар рӯзҳои шанбе гузаронидани қабули шаҳрвандонро таъмин намуда, ба ҳар як муроҷиат ва баррасии онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар партави Дастуру супоришҳои мазкур прокуратураи шаҳри Хуҷанд вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, судӣ, иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дигар мақомотҳои назоратӣ бе огоҳии пешакӣ мавриди санҷиш қарор дод.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода зимни пурсиш аз масъулини дахлдор даъват ба амал овард, ки ҳангоми баррасии муроҷиати шаҳрвандон муҳлати онро риоя намуда, ба сифати баррасӣ ва мазмуни ҷавобии он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро дар паси ҳар як муроҷиат шаҳрванд, тақдири инсонҳо ҳаллу баррасӣ карда мешавад, ки ба он набояд беэътиноӣ зоҳир кард.

Таъкид шуд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳо ва ба таври зарурӣ ба роҳ мондани баррасии муроҷиатҳо қабули шаҳрвандон ба таври дахлдор ба роҳ монда шуда, ҷиҳати кам кардани воридшавии муроҷиатҳои пайдарҳам, такрорӣ, ба мақомоти болоӣ ва аҳамияти ҷамъиятидошта бевосита аз ҷониби роҳбарон бо ин категорияи муроҷиаткунандагон суҳбатҳо гузаронида, натиҷаи санҷиш ва талаботҳои қонунгузориҳои ҷорӣ фаҳмонида дода шавад.

Супориш дода шуд, ки баҳри шаффофияти фаъолият қуттӣ барои қабули муроҷиатҳои хаттӣ ва ҷадвали қабули шаҳрвандон дар ҷойи намоёни даромадгоҳи ҳамаи идораҳо насб карда шавад. Иҷрои ҳатмӣ ва пурраи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2017 сол, таҳти №276 дар бораи «Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро тамоми роҳбарони идораву ташкилот новобаста аз самти фаъолият қатъӣ риоя намоянд. Барои муроҷиаткунандагон шароити мусоид,аз қабили курсиҳо барои нишастан, пешниҳоди рӯйхати дар навбат истодагон ва ғайра фароҳам оварда шавад.

Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Авазҷон Назарзода ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро бо вазифагузориҳои мушаххас ҳусни анҷом бахшид.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд