(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРӯзҳои 6 -11 декабри соли 2021 дар шаҳри Бокуи кишвари Озорбойҷон, Олимпиадаи IV - и байналмилалии “Лаборатория подготовки талантов 2021” баргузор гардид.Олимпиадаи мазкур аз фанҳои математика, химия ва физика бо иштироки 18 намояндаҳои давлатҳои ИДМ ва Балтика баргузор гардид.

Дар ин олимпиадаи бонуфуз ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии намояндаи Раёсати кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозимов Абдулло ва 3 нафар хонандагон аз ҷумла: аз шаҳри Душанбе Фирдавси Фаридун, Муҳаммадробеи Муҳаммадёр ва аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хонандаи синфи 9-уми муассисаи таълими давлати барои хонандагони болаёқат «МТДБХБ» Охунова Шукрона муаррифӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз дастаи мунтахаби ҷумҳурии Тоҷикистон Охунова Шукрона сазовори ҷои 3 - юм, бо медалли биринҷи ва диплому туҳфаҳои хотирави сарфароз гардид. Фирдавси Фаридун ва Муҳаммадробеи Муҳаммадёр бошанд бо сертификати иштирокчи сарфароз гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллали шаҳри Душанбе, субҳи таърихи рўзи санаи 11 - декабр намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, намояндагон аз муассисаи таълими давлати барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ва падару модарон қабул намуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли сипаришуда Охунова Ш дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон аз фанни химия иштирок намуда, сазовори ҷои 1 ва бо медалли тилло сарфароз гардида буд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд