(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altПрокуратураи шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванд Муҳсинҷон Тоҷибоев нуқтаи савдоеро, воқеъ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77- ро дар асоси шартномаи иҷора ба истифода гирифта, тибқи патент оид ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бо ҳамроҳи аъзоёни оилааш, бо пухту пази гӯшти мурғи “Грил” машғул гашта, талаботи қонунгузории санитарию эпидемологиро дағалона вайрон намудааст.

Номбурда бо аъзоёни оилааш зимни пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ дидаву дониста талаботи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон карда, бидуни гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ дар мавриди омода намудани гӯшти мурғ онро дар дохили зарфҳои пластикӣ ва оҳанини дорои бактерияҳои “Эколӣ” ва дигар микрофлораҳои зараровар бо истифодаи хамира ва омехтаи помидор, қаланфури булғории хушккардашуда коркард карда, дар тафдони махсус пухта ба мизоҷон пешниҳод кардааст.

Дар натиҷаи ин амали соҳибкор зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон баъди харидорӣ ва истеъмоли маҳсулоти дар ҳолати ғайрисанитарӣ пухташудаи гӯшти мурғи навъи “Грил” заҳролуд гашта, ба беморхонаҳои касалиҳои сироятии №4-и ноҳияи Б.Ғафуров бистарӣ гаштаанд. Имруз аллакай тамоми шащрвандон баъди ташхис ва муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат шудаанд.

Бо назардошти он, ки дар кирдори Тоҷибоевҳо аломатҳои ҷинояти пешбиникардаи қисми 1 моддаи 207 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне вайрон намудани ќоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Пешбурди парвандаи ҷиноятии мазкур ба зиммаи мутахасисони варзидаи прокуратураи шаҳр вогузор карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шаҳвандоне, ки аз истеъмоли гӯшти маркази савдои номбурда зарар дидаанд, метавонанд ба прокуратураи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.

Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки зимни харидории ҳамагуна маҳсулоти истеъмолӣ ба ҳолати санитарию эпидемологии мавзеи он ва расмиёти назорати маҳсулот диққат махсус зоҳир намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд