(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори варзишии Литсейи рақами 1-уми ба номи академик М.Осимӣ мусобиқаҳои варзишие, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон баргузор гардида буданд, ҷамъбаст шуд.

Мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шашка ва шоҳмот роҳандозӣ гардида он шуруъ аз 1 декабри соли 2021 дар майдону толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаҳои мазкур зиёда аз 350 нафар ҷавонони муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла 140 нафар духтарон дар ҳайати дастаҳо байниҳам рақобат намуданд.

Зимни ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаҳои мазкур ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила пешгирии ҷавонон аз қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб мебошад. Хушбатона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон махсусан ҷавондухтарон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба хонандагоне, ки дар мусобиқаҳои болозикр ба ғолибият шарафёб гардидаанд, диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд