(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо ҷалби муҳассилини литсейи касбӣ-политехникӣ, литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд ва коллеҷи тиббӣ дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр ҳашари тозагии миҳити зист гузаронида шуд.

Ҳашарчиён асосан дар канали калони байни беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи амрози чашм сурат иштироки фаъолона намуда, ин каналро, ки асосан барои селобаҳо пешбинӣ шудааст, аз ҳамагуна партов ва хасрӯбаю ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин ҳашари дастҷамъона беш аз 200 нафар иштирок намуда, корхонаву ташкилотҳои қадди ин шоҳроҳ низ ба ондар тозаву хуррам ва обонии он саҳмгузорӣ карданд.

Бояд қайд намуд, ки шанбегии мазкур баҳри баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ҳамчун нишонаи маданияти шаҳрнишинӣ, ободу зебо нигоҳ доштани атрофи минтақаҳои сайёҳгузар ва сабзазоркунӣ амалӣ гардида, дар баробари ин дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо сокинони маҳал ва иштирокчиёни шанбегӣ тозаю тамиз гардонида шуда, барои мавсими навбатии ниҳолшинонӣ замина муҳайё карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар самти натиҷагирии муваффақона аз ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои барномавии соҳавӣ, баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ амалӣ гардида, дар оянда низ силсилаи чунин маъракаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд