(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи нақшаи чорабиниҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар мавзеи регистони бозори марказии "Панчшанбе" ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ташкил ва баргузор гардид. Дар кори ярмарка 35 корхона, 561 адад ҷойҳои кори холӣ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои гуногун аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа , хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмон, саноат, бонкҳо барои шаҳрвандон пешкаш гардид.

Дар ярмарка барои бо ҷои кор таьмин шудан ва гирифтани машваратҳо зиёда аз 350 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд. Ба 8 нафар роҳхат барои касбомузонӣ ва ба 32 нафар тавсиянома ба корхонаю ташкилотҳо барои бо ҷои корӣ таъмин шудан дода шуд. Ташкил ва баргузории чунин ярмаркаҳои чои кори холи дар кумитаҳои маҳаллаи шаҳр низ идома хоханд ёфт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд