(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи маъракаи иттилоотӣ “16-рӯзи зидди зӯроварӣ” чорабинии маърифатию омӯзишӣ доир гардид. Дар чорабинӣ ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи 2, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Беҳрӯз Қурбонзода, равоншиноси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят Маъбуда Бобоева, сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД –и шаҳри Хуҷанд Муқаддас Шодибоева, муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” Сабоат Бобоҷонова ва мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маҳлиё Ишонова ширкат варзиданд.

Мудири шуъбаи тарбияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон Муҳаррама Темирова чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки чорабинии имрӯза барои таҳкими оиладорӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва аҳли оила таккони бузурге хоҳад бахшид.

Маъбуда Бобоева зимни баромад зикр дошт, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз санаи 25-ноябр то 10-декабр маъракаи иттилоотии «16-рӯзи зидди зӯроварӣ»-ро қайд мегарад, ки он бахшида ба қабули Конвенсия оид ба бартараф намудани ҳамагуна маҳдудкуниҳо нисбати занон қабул карда шудааст. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни як тадқиқот маълум кардааст, ки 35 фоизи занон дар ҷаҳон дар давоми зиндагӣ бо хушунат рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин маълумот бармеояд, ки занон қишри осебпазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, зӯроварӣ нисбати ба онҳо бештар ба назар мерасанд.

Маҳз паст будани маърифати оиладорӣ, бетарафии аҳли ҷомеа сабаб мешавад, ки сафи пошхӯрии оилаҳо зиёд шаваду фишору тазйиқ низ аз ҷониби яке аз аъзоҳои оила нисбати дигар аъзои оила сар занад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад хушунат метавонад, хушунати равонӣ, ҷисмонӣ, ҷинсӣ, молӣ-иқтисодӣ мебошад.

Дар таҷрибаи зиндагии ҳаррӯзаи худ ин намудҳои хушунат дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ дида мешавад. Ва меваи ин амал кӯдакони кӯча, ноболиғони моҷароҷӯю ҷинояткор, кӯдакони хонагурезу мактаббезор аст, ки мо ҳамарӯза онро мушоҳида мекунем.

Дар баромади Беҳрӯз Қурбонзода зикр шуд, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд ин вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат пеш аз ҳама дарк кунондан лозим аст, ки терроризм ва террористиро ба худӣ ва бегона, ашшадӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Аммо расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ, ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносии бузург, нерӯи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ҷавонон ва насли ояндасози миллат, завқи забономӯзӣ, хондани адабиётҳои бадеӣ, шунидани васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд.

Муқаддас Шодибоева гуфт, ки тавре аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, танҳо дар давоми 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят наздик ба 2 ҳазор ҳолатҳои гирифторшавӣ ба хушунат ба қайд гирифта шудааст, ки бештари хушунатдидагон ин занҳо мебошад. Аксари онҳо гирифтори хушунати равонӣ, ҷисмонӣ гардидаанд.

Маҳз бетарафии аҳли ҷомеа, поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳои зан боис ба носолилмии ҷомеа гардида истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан модар ҳамчун чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт эҳтиром дошта, таъкид медоранд: “ Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талошҳои созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод».

Ба ин маънӣ имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.

Саодат Бобоҷонова оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Гулрухсор” маълумот дода, қайд намуд, ки ташкилот соли 1996 таъсис ёфта, имрӯз ба маркази дастгирии занони дар чорсӯи зиндагӣ беилоҷ монда табдил ёфтааст. Ба ҷузъ он, ки шумораи зиёди занони гирифтори хушунатдидаро дар марказ ҷо медиҳад, ҳамзамон бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи вилоят дар муросо андохтани оилаҳои носолим бо ҷалби равоншиносон корбарӣ менамояд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд 93 оилаи носолим ба зиндагии муқаррарӣ баргардонида шуда истодааст, ки ин албатта дастоварди хуб аст.

Аҳли иштирокдорон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои бунёди оилаҳо ҳаргиз ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Баръакс то метавонанд ҳар лаҳзаи умри пурбаракоти худро сарфи илмомӯзӣ намоянд. Ва берун аз таҳсил ҳар яке чун волонтёр ба кори чунин марказҳо кӯмак намуда, барои пойдории оилаи солим дар ҷомеа кӯшиш варзанд.

Аз ҷониби донишҷӯён саҳначаҳои ҳаётӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда, барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд