(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади аз наздик шинос шудан бо корҳои бунёдкорӣ, аз ҷараёни сохтмони иншооти таъиноташ гуногун ва корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр боздид ба амал овард.

Нахуст аз раванди корҳои азнавсозӣ ва зебабахшии ҳудуди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ шиносоӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар зудтарин фурсат тарҳу намои ва дохили ин театри калонтарини вилоят симои нав ба бар менамояд ва табиист, ки ҳудуди он низ бо роҳандозии корҳои азнавсозӣ обод карда мешавад. Раиси шаҳр ба масъулини дахлдор ҷиҳати анҷом додани корҳои сабзкорӣ ва ободонии ҳудуди ин муассисаи фарҳангӣ дастуру супоришҳо дод.

Сипас, Фирдавс Шарифзода аз рафти омодагиҳо бо таҷдиду навсозии хатҳои истеҳсолӣ дар корхонаи "Хуҷандторгмаш" -ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат роҳбарияти корхона тасмим дорад, хатҳои навро ворид намуда, истеҳсоли таҷҳизоти маиширо ба роҳ монанд. Айни замон корҳои омодагӣ барои воридсозӣ ва насби таҷҳизот идома дошта, бо пурра амалӣ шудани тарҳ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода хоҳад шуд.

Раиси шаҳр иқдоми роҳбарияти корхонаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои дастраскунии таҷҳизоти зарурӣ тавсияҳо дода, баҳри ободониву созандагии ҳудуди корхона дастуру супоришҳо дод.

Шаҳрдор зимни шиносоӣ бо раванди бунёди корхонаи саноатии истеҳсоли ҳасиб дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар насби таҷҳизот ва азнавсозию ободонии ҳудуди коргоҳ азм намоянд. Иттилоъ дода шуд, ки дар қисмати ҷанубии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷониби ҶДММ «Дилшод» коргоҳи ҳасиббарорӣ ташкил шуда истодааст, ки бо насби таҷҳизоти истеҳсоли Федератсияи Русия беш аз 20 намуди ҳасибҳоро ба мизоҷон пешниҳод менамояд. Баъди истифодадиҳии коргоҳи мазкур беш аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сипас, Фирдавс Шарифзода бо раванди сохтмони ду адад биноҳои баландошёнаи истиқоматии ширкати «Сармоя-сохтмон» дар ҳудуди маҳаллаи Мевағул ошноӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин биноҳо 88 ҳуҷра, дар ошёнаи якум ба андозаи 1500 метри квадратӣ мағоза, дар таҳхонаи он толори варзиш пешбинӣ гардидааст. Ба иттилои масъулин дар ошёнаҳои якуми биноҳои баландошёнаи замонавӣ ташкили тарабхонаи брендӣ ва марказҳои хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо даҳҳо нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Зимни шиносӣ бо ҷараёни корҳои созандагии маркази тиҷоратии «Хуҷанд Мол» дар маҳаллаи Бофандаи шаҳр ба масъулини сохтмон ва ашхоси мутасаддӣ ҷиҳати суръатбахшии кор ва бо сифат анҷом додани он дастуру супоришҳо дода шуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми иншоооти муҳташами 3 ошёна маркази тиҷоратии «Хуҷанд Мол» бунёд шуда истодааст, ки баъди истифода додани он садҳо нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд