(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву сохторҳои шаҳрдорӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигарон ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ҳозирин раиси тозатаини суди шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро муаррифӣ ва барои фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.

Сипас, муовини аввал ва муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба самтҳои сарпарастии фаъолият маълумот доданд. Таъкид шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар қаламрави шаҳр корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 11 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети умумӣ 474, 8 миллион сомонӣ ё худ 102 фисад барзиёд иҷро карда шуд Нақшаи буҷети маҳаллӣ бошад аз нақшаи тасдиқгардида беш аз 9, 9 миллион сомонӣ барзиёд, яъне 225 миллион сомонӣ иҷро карда шуд.

Дар тамоми ҷабҳаҳои шаҳрдорӣ корҳои бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ин васила таъмини зиндагии шоиста ба мардум асоси фаъолият муайян гардидааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни ҷаласа аз муваффақона иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба масъулини дахлдор изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати омодагии комил ва бо сифат иҷро намудани даъвати баҳорона супоришҳо дод.

Ба муовини аввали Раиси шаҳр ва муовинони Раиси шаҳр доир ба тақвияти корҳои созандагӣ, иҷрои босифати нақшаи даромади буҷети давлатӣ, таъмини нақшаи корҳои ободонӣ, вусъати корҳои мавсими гулшинонию ниҳолшинонӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, таъмини мунатазами аҳолӣ бо барқу дигар инфрасохтори хизматрасонӣ, фарогирии мардум ба ваксина, тарғиби тарзи ҳаёти солим, роҳандозии чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатии корхонаҳо, таҷдиду азнавсозии кўчаву хиёбонҳои шаҳр, суръатбахшии сохтмонҳо, пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дода, иҷрои саривақтии онро талаб намуд.

Дар анҷоми ҷаласаи корӣ шаҳрдор вобаста ба фарорасии Соли нави мелодӣ аз роҳбарони дахлдорро даъват намуд, ки ҷиҳати оростани дастархони идона дар хонаҳои бачагон, пиронсолон, қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, аёдати ятимону бепарсторон, собиқадоронро мусоидат намоянд ва онро дар сатҳи баланд гузаронанд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд