(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдомоти тозаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ширкати мобилии «Tcell» ба ҳар нафаре, ки зидди бемории Ковид 19 ваксина намудааст, 100 дақиқа ва 300 мегабайти ройгон тақдим карда мешавад.

Дар ин бора ба мо директори филиали ширкати «Tcell» дар вилояти Суғд Аҳмадҷон Юсупов итттилоъ дода афзуд, ки ин иқдом бо мақсади ҳар чӣ зудтар фаро гирифтани мардум ба иммунизатсия ва аз байн бурдани бемории фарогири короновирус мебошад.

Манбаъ афзуд, ки иқдоми мазкур барои тамоми муштариёни ширкат дар қаламрави мамлакат дахл дошта, шаҳрвандон бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва сертификати эмгузаронӣ аз дилхоҳ марказҳои хизматрасонии ширкати «Tcell» соҳиби 100 дақиқа ва 300 мегабайти ройгон мешаванд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд