(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, соҳибкорони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорусия аз корхонаҳои снаоатии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд. Ҳайати меҳмононро сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни боздид аз корхонаи бузурги саноатии «Ҷавонӣ» соҳибкорони вилояти Могилёв аз раванди истеҳсолот дар корхона ошноӣ пайдо карда, бо роҳбарияти он сўҳбати озоду ошкоро намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрўзҳо корхона фаъолияти пурсамар дошта, аз коркарди пахта сар карда то истеҳсоли маҳсулоти тайёр,-либосҳои мардона занона ва кӯдаконаро аз нахҳои табиӣ истеҳсол менамояд.

Коргоҳи мазкур 90% маҳсулоти хешро ба кишварҳои хориҷӣ содир менамояд, ки бештари ин кишварҳоро давлатҳои Аврупо ташкил медиҳад.

Маҳз дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бояд маҳсулоти хоми ватанӣ дар дохили кишвар коркарда шуда, чун маҳсулоти тайёр пешниҳоди харидорони дохилию хориҷӣ гардад. Тамоми маҳсулоти ин коргоҳ бо ҷавобгӯи меъёрҳои сифати аврупоӣ истеҳсол мегардад. Айни замон теъдоди номгӯи маҳсулоти бо тамғаи ин корхона ба зиёда аз 20 намуд мерасад. Корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» аз санаи 24 июни соли 2010 коргоҳ ҳамчун ҶДММ «Ҷавонӣ» ба фаъолият шурӯъ намудааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти ҶДММ «Сайҳун» иттилоъ дода шуд, ки хатҳои муосири технологӣ дар ин корхонаи истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат, ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидааст.

Таъкид шуд, ки тамоми номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳун” соли 1997-ум таъсис ёфта, марҳила ба марҳила иқтидори истеҳсолӣ зиёд карда мешавад. Қаблан дар корхонаи саноатӣ як хати технологӣ, ки танҳо машруботи спиртӣ истеҳсол мекард, мавҷуд буд. Акнун, се хати нави тавлидотӣ ба кор доромад, ки барои васеъ намудани самти фаъолият ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти баландсифат, хусусан маҳсулоти хамирӣ ва маҳлули антисептикӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.

Фаъолияти корхона бо истеҳсоли машруботи спиртии брендҳои “Арақи Сайҳун” ва “Арақи Хуҷанд” дар зарфҳои 0,5 литра шурӯъ шудааст. Ҳоло бошад, машруботи спиртӣ ва шароб аз ангур дар зарфҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мегардад. Асосан, фаъолияти корхона ба истеҳсоли машруботи спиртӣ равона шудааст.

Бо дарназардошти вазъи эпидемикии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар корхона хати нави истеҳсоли маҳлули безараргардонӣ ба кор даромад. Маҳлули антисептикӣ дар асоси шартнома ба муассисаҳои тандурустӣ, марказҳои тиббӣ, дорухонаҳо ва дигар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ дастрас мегардад.

Тавлидоти шароб аз ангури шаҳдбори диёр, ки аз лиҳози экологӣ тоза аст, дар зарфҳои шишагин бо шаклҳои гуногун ва сифати баланд анҷом дода мешавад. Меваи ангур аз хоҷагиҳои боғпарвари мамлакат дастрас шуда, бо истифода аз технологияи муосир коркард ва аз он шароб истеҳсол мегардад.

Масоҳати умумии корхона 3 гектар буда, дар ҳудуди он 2 бинои барҳавои истеҳсолӣ ҷойгир аст. Ҳамчунин иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои нигаҳдории маҳсулоти хом ва тайёр низ бунёд гардидаааст, ки дар пешрафти истеҳсолот нақши муҳим доранд.

Масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайҳун” азм доранд, ки бо истифода аз фазои озоди фаъолияти соҳибкорӣ иқтидори истеҳсолиро афзун намуда, бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ истеҳсоли маҳсулоти ватаниро боз ҳам афзоиш диҳанд ва ба ин восита дар рушди бештари соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузоранд.

Сафари кории соҳибкорони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорусия ба шаҳри Хуҷанд идома дорад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд