(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба фарогарии аҳолӣ ба ваксинатсия бо фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд нишастро оғоз бахшида, ҳадафи онро шарҳ дод.

Сипас дар назди ҳозирин Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси Куитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон, Парвина Мухторова директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим», Боғигул Исломзода, сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумаҷид Шоев, сармутахасиси маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи марказии ҲХДТ баромад ва суханрониҳо намуданд.

Таъкид шуд, ки тибқи иттилоъи расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябр 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то имрӯз 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сироятии коронавирус-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба шумор меравад. Мутаасифона бо ҳар гуна баҳонаҳо нагирифтани ваксинаҳо аз ҷониби шаҳрвандон ба чашм мерасад, ки он пеш аз ҳама бар зидди саломатии онҳо равона карда шудааст. Беҳтар аст, ки бо дарки маънӣ аз вазъи имрўзаи ҷаҳонӣ ҳар як шаҳрванд огоҳона ба марказҳои саломатии макони зист омада, вавсина гиранд. Дар сурати ба беморӣ сироят шудан, онро ба осонӣ аз сар мегузаронанд. Табибони сироятшинос бар он назаранд, ки шаҳрвандони мамлакат бояд ҳар шаш моҳ як маротиба аз эмгузаронии такрорӣ гузаранд. Ба гуфтаи эшон афроде, ки ба ин беморӣ мубтало шудаанд, ба таври табиӣ масунияти баланд пайдо мешавад. Ва ин масуният қобилияти то 6 моҳ муҳофизат кардан дорад. Аз ин рӯ, пас аз 6 моҳи беморӣ ба ин шахс бояд ваксинаи нав гузаронида шавад. Ба далели вазъи муташанниҷи густариши ин вирус ва зоҳир шудани намуди нави он дар кишварҳои хориҷӣ ва мизони баланди бемории COVID-19 эҳтимоли аз хориҷа ба Тоҷикистон гузаштани ин беморӣ вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, мақсаднок мебуд, то ба охир расидани пандемия ҳар шаш моҳ такроран эм карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини солимии аҳолӣ ва пешгирии сирояти мазкур то ба имрӯз ба мамлакат 5 намуд ваксинаи зидди сирояти коронавирус ворид гардидааст, ки айни ҳол маъракаи ваксинатсия бар зидди ин беморӣ дар мамлакат бомаром идома дорад.

Мулоқот дар фазои орому озод ва мубодилаи афкор анҷом пазируфт.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд