(4 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Мулоқоти кории Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам аз шароити кору фаъолияти Бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ошно гардид. Ӯ аз ҳуҷраи корӣ имкониятҳои кормандони бахш дидан намуда, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҳамин замина мулоқоти самимии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам  баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чандин барномаҳои иҷро гардида, аз буҷаи маҳаллӣ маблағгузорӣ  мегардад.   Дар маркази вилоят зиёда аз 200 иншоотҳои варзишӣ амал менамоянд. Дар баробари ин танҳо соли равон ба истифода додани ду толори варзишӣ, 20 майдончаҳои варзишӣ тасдиқи тамоюли зиёдшавии миқдори ин иншоотҳои солимгардонӣ маҳсуб меёбанд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода  барои дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи хоса намудан ба зерсохтори ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд, ба хусус дастгирии оилаҳои ҷавон, тавасути стипендияи Раиси шаҳр ҳавасманд гардидани ҷавонони лаёқатманд изҳори сипомандӣ намуд ва зикр кард,ки маҳз ин дастгирӣ боис гардид, ки фаъолияти  масъулини соҳа назаррас ва боиси намуна аст.
Фаъолнокии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар чорабиниҳои оммавӣ, саҳми онҳо дар ободу зебо гардондани шаҳр, пешигирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро низ сӯхбати корӣ зикр гардид.