(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хуштарҳи муассисаи таълимии “Гулчини маърифат” чорабинии умумимактабӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!” бо иштироки хонандагон, омӯзгорон ва меҳмонон баргузор гардид.

Нахуст меҳмонон аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Парчамҳои зеббахши миллӣ, ки дар даромадгоҳи муассиса гузошта шуда буданд, дидан намуданд. Композитсияҳои адабӣ-бадеӣ доир ба мавзӯҳои Парчам, Ватану ватандорӣ, китоб, рақсҳои мавзун, сурудҳои дилангез бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба самъи тамошобинон пешкаш карда шуд.

Чорабинии зикршуда бо сурудани Суруди миллӣ оғоз гардид. Суруди “Таджикистан” дар иҷрои хонандаи синфи 9 Сабринаи Замон ва суруди “Тоҷикистон, ба пеш” аз ҷониби хонандагони синфҳои 7 -11 ба самъи ҳозирин шунавонида шуд.

Муассиси муассиса Мақсуд Зиёбоев баромад намуда, ҳозиринро бо ин иди пуршукӯҳ шодбош намуд ва ба намояндагон аз Маркази Россия ва Университети Федеролии Қазон изҳори минатдорӣ намуд, ҳамчунин хонандаи синфи 10 Иқболхоҷа Темирхоҷаевро, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм –фуруғи маърифат” мақоми аввалро ишғол намудаааст, табрик намуд ва ба ӯ кафолати дар муассиса ройгон таҳсил намуданашро баён дошт.

Чорабиниро директори муассиса Матлуба Муинова ҳусни итмом бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд ва аз таърихи пайдоиши Парчами миллӣ маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон ғолибони Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро бо Сипосномаву Дипломҳо сарфароз намуд.

Таъкид шуд, ки маъмурият ва омӯзгорони муассиса тасмим гирифтанд, ки бо фароҳам овардани имконият ва шароит ба хонандагони болаёқату боистеъдод тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбия ва камол расонидани наврасони ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон, ташаккули тафаккури техникии онҳо талош варзида, чунин имкониятҳоро дар амри иҷрои барномаҳои бузурги давлатӣ дар соҳаи илму маориф босамар истифода намоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар чорабинӣ роҳбари Руский дом- Никита Биховский, муовини Консули Русия дар шаҳри Хуҷанд Максим Кобзар, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар вилояти Суғд Даврон Шарипов иштирок ва баромад намуда, ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби Донишгоҳи Федеролии Қазон 1900 адад китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-11 тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд