(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмруз тибқи нақша- чорабинии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар МТУҒ «Гулчини маърифат» дарси намунавӣ аз ҷониби омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Сулаймонова ба муносибати 30-солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз фанни таърихи умумӣ ва даҳаи фании таъриху ҳуқуқ дар синфи 10 “б” дар мавзуъи “30-солагии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” баргузор гардид.

Дарси кушод бо баён гардидани, гуфтору таъкидҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияти омӯзиши фанни таърих ва Президенти Россия В.В. Путин роҷеъ ба муфид будани омӯзиши фанҳои таърих ва география оғоз гардид.

Ҳамчунин дар ҷараёни дарс хонандагон аз таърихи ИДМ ва ташкилёбии он, шиносоӣ бо рамзҳои ИДМ, кадом давлатҳо ба ИДМ дохил шудаанд ва дохил мешаванд, мақсад ва самтҳои фаъолияти ИДМ, роҳбарони идоракунандаи ИДМ, зарбулмасалу ривоятҳо дар бораи дӯстии халқҳо ва видео- намоишҳо дар бораи дӯстии халқҳо маълумот доданд. Дар анҷоми дарс хонандагон супоришоти эҷодие, ки ба онҳо дода шуда буд, муваффақона иҷро намуда, бо таманноҳои нек дарсро хотима бахшиданд.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории чунин дарсҳои кушод дар тинати толибилмон парваридани ҳисси баланди меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ, дӯстиву рафоқат байни дигар давлатҳо, расидан ба қадри замони осоишта ва сулҳу ваҳдати миллӣ иборат аст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар дарси кушод роҳбари ташкилоти “Руский дом”- Никита Биховский, ҷонишини Консулгарии Россия дар шаҳри Хуҷанд Максим Кобзар, намояндаи Вазорати корҳои хориҷа дар Вилояти Суғд Даврон Шарипов, муассиси муассиса Мақсуд Зиёбоев, маъмурияти муасссиса ва омӯзгорон ширкат намуда, ба усули баргузории он ва донишу малакаи омӯзгор Матлуба Сулаймонова баҳои баланд доданд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд