(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТТ №31-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардошти ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, машғулияти кушоди тарбиявӣ таҳти унвони “Парчами мо-Парчами иқболи мо” баргузор гардид.

Машғулияти мазкур аз ҷониби мураббияи МТТ №31-и шаҳри Хуҷанд Мавзуна Раҳимова дар гуруҳи омодагӣ ба мактаб бо иштироки фаъоли тарбиятгирандагон дар руҳияи баланди ватандўстӣ гузаронида шуд.

Тарбиятгирандагон дар васфи Парчами миллӣ, садоқат ба Давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб намуданд.

Наврасон омодагии хешро дар ҳифзи марзу буми Ватан ба маърази тамошо гузошта, гулдухтарон рақсҳои мавзун бо шодмонӣ аз фазои Истиқлолият намуданд.

Маъмурияти муассисаи таълимӣ ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ба сатҳи баргузории чорабинии ватандўстона баҳои баланд доданд.

Таъкид шуд, ки роҳандозӣ намудани чунин чорабиниҳои меҳанпарварӣ дар ниҳоди кўдакон дўстдории Ватану миллат ва садоқат ба мулқи аҷдодиро бедор менамояд.

Дар ҳама давру замон Парчам ҳамчун рамзи муҳими давлатӣ барои муттаҳидсозии мардумон хизмат намудааст. Имрӯз ҳам Парчам барои мо нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ мебошад.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд