(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар гимназияи «Кавсар» бо иштироки 22 нафар омўзгорони шаҳр машварати доимоамалкунандаи омўзгрони фанни физика баргузор гардид.

Дар ҷараёни машварат аз ҷониби омўзгори гимназияи "Кавсар" Муътабар Раҳматова дар синфи 8 аз фанни физика дарси кушод дар мавзуи «Кори газ ва буғ дар муҳаррик ҳангоми ҳаракат» гузаронида шуд. Машғулияти таълимӣ бо усули интерактивӣ бо истифода аз лавозимоти аёнии таълиму тадрис дар сатҳи баланд ташкил гардид. Хонандагон дар дарс фаъолона иштирок намуда, мавзуи пешниҳодшударо бо шавқи зиёд азбар намуданд. Мушоҳидачиёни дарс ба сатҳи баргузории машғулияти кушод баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон дарсро маъмурияти муассиса ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Дилрабо Юлдошева назорат карда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати он машварату масиҳатҳои судманд доданд.

Таъкид шуд, ки бо назардошти рушди босуботи мамлакат ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ мо бояд ба раванди азхудкунии фанҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, то ки минбаъд хатмкунандагони макоти миёна тавонанд ба муассисаҳои таҳсилоти олии дар дохил ва хориҷи кишвар қабул шуда, баъди хатм ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафту ободии диёри худ саҳм гузоранд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд