(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияту намояндагони Дафтари ҳамкории Ҳукумати Шветсария дар Тоҷикистонро дар ҳайати Регина Гуян – роҳбари барномаҳои паст намудани камбизоатӣ, Руслан Содиков – ҳамоҳангсозии кулли барномаҳои инфрасохторӣ, Акмал Еркаев – роҳбари лоиҳаҳои инфрасохтории Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистонро қабул намуд.
Ҷонибҳо доири таҷрибаи хуби ҳамкорӣ ва натиҷаҳои самарабахши онҳо дар амалишавии лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ изҳори назар намуда, нуқтаи муҳими ин лоҳаҳоро дар боло рафтани эътимоди шарикӣ ва сатҳи баланди иҷроиши ин лоиҳаҳо арзёбӣ намуданд.
Намояндагони Дафтари ҳамкорӣ изҳори омодагии худро барои идомаи таҳлил ва оғози баррасии лоиҳаҳои барқарор кардани низоми оби нушокӣ ва ташноб, шабакаҳои гармидиҳӣ ва барқӣ, бунёди коргоҳи коркарди партовҳои сахти маишӣ, алалхусус ба роҳ мондани идоракунии нақлиёти мусофиркаш, аҳамияти ҷиддӣ дод.

Ӯ қайд намуд, аз тарафи Дафтари ҳамкории Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон як барномаи махсус оиди тараққиёти инфросохторҳои маркази вилоят дар доираи амалишавии лоиҳаи оби нушокии шаҳри Хуҷанд ба наздики оғоз хоҳад шуд.
Ҳамчунин меҳмонон ба Раиси шаҳри Хуҷанд иброз намуданд, ки қарордоди марҳилаи сеюми беҳтар намудани вазъи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд ба имзо хоҳад расид. Қисмати бештари ин лоиҳаро таҷдид ва азнавсозии ташноб ташкил хоҳад дод.
Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳи ин созмонҳои бонуфузи кӯмакрасон сипосмандӣ намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки лоиҳаҳои дар асоси ҳамкорӣ амалишаванда барои беҳдошти шароити зиндагии мардум нақши муҳиме хоҳад дошт.