(2 овоз, миёна 3.50 аз 5)

153 нафар шаҳрвандон шароити манзили худро беҳтар намуданд.Мувофиқи қарори комиссияи ҷамъиятӣ 153 нафар сокинони маркази вилоят соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ шуданд.
Дар маҳаллаи 14-уми шаҳри Хуҷанд ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд ҳамаи онҳое, ки соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд табрик намуда, таъкид намуд, ки соҳибони манзил бояд ба тарҳу сохтмони манзилҳои эътибори ҷиддӣ диҳанд, зеро он бояд барои минбаъдаҳо ва чанд насли пайвандонашон бояд истифода шавад. Ба роҳбарияи идораҳои барқ обтаъминкунӣ, хизматрасонии коммуналӣ супориш дода шуд, ки ҳар чӣ тезтар доири таъмини ин мавзеъ бо оби нӯшокӣ барқ ва ба роҳ мондани дигар намуди хизматрасонии коммуналӣ чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамчунин бо назардошти он, ки санаи 18 уми август чун Рӯзи табибон қайд мегардад, ба 22 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ низ қарори дахлдори соҳибмулкии замини наздиҳавлигӣ супорида шуд.