(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сокинон барои ҳалли мушкилоти худ ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат менамоянд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рӯи тартиби ба ҳукми анъана даромада ҳар ҳафта рӯзи шанбе сокинони маркази вилоятро бо масалаҳои гуногун қабул менамояд.
Аз субҳи имрӯз низ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯзи қабули шаҳрвандон идома дорад.
Шаҳрвандони маркази вилоят ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири масалаҳои таъмини манзил ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, қумакпулии яквақта, кӯмак барои пардохти маблағи таҳсил, барои ҷойгир намудани фарзанд дар боғчаи бачагона, пайваст намудани истгоҳи иловагии барқи дар кӯчаҳои навбунёди маҳаллаи «Навбаҳор» ва ғайра муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд то ин дам дар умум зиёда 40 нафар сокинонро қабул намуд.