(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ№ 3 - и шаҳри Хуҷанд маҳфил бо номи "Кас агар оқил бувад" бахшида ба 80 солагии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзгори собиқадор, рўзноманигори чирадаст Муҳаммадназир Аҳмадов бо иштироки Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Шўрои собиқадорони вилояти Суғд Турсунбой Раҳматов, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд А. Қурбонов, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд М. Болтуев, раиси Шўрои собиқадорони шаҳр А. Ғозиев, намояндагони ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шогирдон, устодон, собик директорони муассиса ва фарзандону пайвандон баргузор гардид.

Маҳфилро бо сухани табрикотӣ ва зиндагиномаи устод директори муассиса Манзура Муинова ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Раиси Шўрои собиқадорони вилоят Турсунбой Раҳматов аз роҳи тайнамудаи Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзгори собиқадор, рўзноманигори чирадаст Муҳаммадназир Аҳмадов чанд андешаҳояшро баён намуда, онро намунаи олии омўзиш ва ибрат ба насли ҷавону наврас унвон намуд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати 80 солагии Муҳаммадназир Аҳмадов ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Шумо аз зумраи он инсонҳои сарбаланд ҳастед, ки тайи фаъолияти пурсамари хеш ба нафъи халқу миллат хизмати арзанда намуда, ба мартабаҳои баланди хизматию давлатӣ расидаед. Имрӯз кас ба роҳи бошарафи тайкардаи фаъолияти меҳнатиатон назар андохта, мебинад, ки Шумо бо заҳмату талошҳои фидокоронаи хеш барои рушду нумӯи соҳаи маориф дар саросари кишвар соҳиби ҳурмату эҳтироми самимӣ гардидаед. Барои фаъолияти пурмаҳсулу фидокоронаатон ба нафъи халқу давлат бо Ифтихорномаи фахрии президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, бо унвонҳои Аълочии маорифи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо қадрдонӣ гардида, маҳаки обрўву эътибори ҳамагон шудаед. Шумо, устоди муътабар эҳёгари хотираи қаҳрамониҳои бебоки ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, муаллифи китобҳои “Баҳодурони бригадаи 99-ум”, “Осорхона – маркази корҳои тарбия” ва “Зафармандони Ватан” мебошед. Боиси ифтихору сарбаландист, ки тамоми фикру зикратон ба манфиати Ватан, ободии диёр, некӯаҳволии халқ нигаронида шудааст ва зиндагиномаи Шумо намунаи ибрат ба ҳамагон мебошад”.

Баъдан намояндагони Раесати маориф ва шуъбаи маориф соҳибҷашнро таҳният гуфтанд.

Аз тарафи хонандагони муассиса композитсияи адабӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммадназир Аҳмадов намоиш дода шуд.

Дар анҷоми маҳфил Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзгори собиқадор, рўзноманигори чирадаст барои ташкили чунин чорабинӣ ба маъмурияти муассисаи таълимӣ, дўстону ҳамкорон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят арзи миннатдорӣ намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд