(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд кормандони тибро табрик намуд.Бахшида ба Рузи табибон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идонаи табибон баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, тамоми табибон ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони соҳаи тандуоустии шаҳрро бо Рӯзи табибон табрик намуд.
«Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Иҷтимоӣ будани соҳаро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст. Ин нукта дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст. «Дар ҳафт соли гузашта тамоюли иҷтимоии беҷети давлатӣ ҳифз гардида, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфт ва ба 23 миллиард сомонӣ расид. Дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоӣ 70 миллиард сомонӣ равона карда мешавад». Ин ғамхорӣ имконият медиҳад, ки таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба таҷдид ва таъмини ҳамаҷонибаи рушди соҳаи тандурустӣ ҷалб гардад ва он аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ шавад.»-қайд намуд дар суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода.
Табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Собирҷон Собиров ба самъи ҳозирон расонд.
Сардухтури таваллудхонаи шаҳрӣ Шоира Бузрукова, сардухтури беморхонаи касалиҳои сироятӣ Абдусалом Ваҳҳобов барои эътибору таваҷҷӯҳи соҳаи тандурустӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва макомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуданд.
Ба 40 нафар кормандони соҳаи тибби шаҳр Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 37 нафар собиқадорони соҳа бошад бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.