(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи табибон

Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику  муборакбод мегӯям. Орзу дорам, ки тандуруст, сарбаланду саодатманд ва ҳамеша омода ба ҳифзи сиҳатии омма бошанд.
Дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани Иди касбии кормандони тиб, воқеан, ба зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино рост меояд. Соли 2013-ум табибони олам 1033-солагии нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва  энсиклопедисти беҳамто Абӯалӣ ибни Синоро ба таври хотирмон қайд карда буданд. Ин амал, албатта, нишони эътибору ифтихори  ҷомеа ба онҳоест, ки  баҳри ҳифзи сиҳатии мардум омодаанд ва дар ин ҷода шабонарӯз заҳмат мекашанд.
Ҳар як корманди муассисаҳои тиб, хосатан, табибон асарҳои Абӯалӣ ибни Синоро китоби рӯимизии худ медонанд. Табибе нест, ки дар рафи ҷевони китоби худ «Донишнома», «Китоб-у-н-наҷот», пеш аз ҳама «Ал-қонун фи тиб»-ро надошта бошад. Маҳз асарҳои Синои бузург буд, ки илми тиб «Медицина» ном гирифт, ки  маънои он «Мадади Сино» мебошад. Муаллифи «Ал-қонун- фи тиб» Абӯалӣ ибни Сино саломатии инсонро сарвати бебаҳо номидааст. Чи хеле ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот таъкид мекунанд, солимии миллати тоҷик дар сиҳатии ҷомеа мошад.
Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Иҷтимоӣ будани соҳаро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст. Ин нукта дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст. «Дар ҳафт соли гузашта тамоюли иҷтимоии беҷети давлатӣ ҳифз гардида, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфт ва ба 23 миллиард сомонӣ расид. Дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоӣ 70 миллиард сомонӣ равона карда мешавад» Ин uамхорӣ имконият медиҳад, ки таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба таҷдид ва таъмини ҳамаҷонибаи рушди соҳаи тандурустӣ ҷалб гардад ва он аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ шавад.
Қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тан-дурустӣ, хосатан, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон барои солҳои 2010-2020, Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020, «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон», сол аз сол афзудани маблаuгузорӣ аз uамхории ҳамарӯзаи Ҳукумат ва роҳбарияти мамлакат ба ин соҳа  шаҳодат медиҳад.
Президенти мамлакат дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доранд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷӯҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».
Сол аз сол вазъи муассисаҳои тиббӣ беҳтар, муҷаҳҳаз кардани муолиҷагоҳу ташхисгоҳҳо бо воситаҳои тиббии навтарин муташаккилонатар мешавад.
Дар шаҳр 16 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад ва муҳимаш дар онҳо беҳтарин табибон ва ҳамшираҳои шафқат кор карда, вазифаи хешро сидқидилона ба иҷро мерасонанд. {амчунин табибони мо бо навовариҳо дар илми муосир ба густариши соҳаи тандурустӣ нақши арзанда мегузоранд.
Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардондани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Кормандони соҳаи тибро бори дигар бо иди касбиашон таҳният мегӯям, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу мекунам.
Ид муборак, табибон! Бигузор роҳатон дар муоинаю муолиҷа мисли хилъататон  сафед бошад!


Раиси шаҳри Хуҷанд                                                           Раҷаббой Аҳмадзода