(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори бинои прокуратураи шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», тайёрии ҳарбӣ то даъват ва гузаронидани маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз тарафи масъулини комиссариати ҳарбӣ, комиссияи даъват, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.

Доир ба мавзуи мазкур ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 Сулҳиддин Ғоибзода баромад намуда, кайд кард, ки комиссияи даъват, комиссияи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон, комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ваколатдор ҳамкориро байни худ дуруст ба роҳ монда, ҳамасола нақшаи даъватро ба таври муташаккилона таъмин карда истодаанд.

Комиссияи ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон бояд корро дар ҳамоҳанги бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо ҷавонон, ташкилотҳо, идораи маориф ва дигар корхонаҳо тибқи талаботи Қонун ба роҳ монда, тамоми шаҳрвандоне, ки ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифта мешаванд, ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир карда, онҳоро ба қайди ибтидоӣ гиранд. Зеро яке аз асосҳои воқеии муайян намудани захираҳои даъватӣ аз дурустии кор дар самти ба қайди ибтидоии ҳарбӣ гирифтани шаҳрвандон маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Авазҷон Назарзода бо назардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини комисариати ҳарбӣ, комиссияи тиббӣ, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигарон пурсиш ба амал оварда, дар фаъолияти минбаъдаашон ҷиҳати риояи бечунучарои қонунгузории мазкур ва таъмини нақшаи даъвати тирамоҳӣ супоришҳои қатъӣ дод.

Аз масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд талаб карда шуд, ки баҳри тайёрии ҳарбӣ дар муассиаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизматӣ ҳарбӣ” бо хонандагон машғулиятҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ-ҳарбӣ гузаронида шаванд. Ҳамзамон, аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ талаб карда шуд, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёна доир ба тарбияи ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстии хонандагон мунтазам баргузории дарсҳои кушоди омодагии ибтидоии ҳарбӣ роҳандозӣ гардида, муассисаҳо бо омузгорон ва мутахассисони касбӣ таъмин карда шаванд.

Масъулини Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо уҳдадор карда шуданд, ки доир ба мавзӯи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо падару модарон сӯҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстии ҷавонону наврасон пайваста чораандешӣ намоянд.

Ҳамзамон, раисони 22 адад маҳаллаҳо ва нозирони минтақавии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шуданд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда баҳри таъмини нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар доираи ваколатҳои худ пурра мусоидат намоянд.

Таъкид гардид, ки ҳамагон дар остонаи истиқболи ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо амри дил, ҳисси баланди ватандўстӣ, ин санаи муқаддаси таърихиро бо сари баланд ва дастовардҳои назаррас истиқбол намуда, иҷроиши нақшаи тирамоҳии даъват ба хизмати ҳарбиро таъмин менамоем.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ба ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.


Носир Оқилзода,
котиби масъули Шӯро,
ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд