(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таъмири кӯчаи «Загородная».Дар шаҳри Хуҷанд боз як кӯча аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои мумфаршкунии кӯчаи «Загородная», дар маҳаллаи «Бофанда» дидан намуда, барои сари вақт ва бо сифат ба анҷом расондани таъмири роҳи мазкур ба роҳсозон дастурҳои мушаххас дод.
Дар доираи барномаи «Соли 2014 соли роҳҳои обод» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи нақша бояд 116 км роҳҳои марказивилоятро таъмир намуда, то интиҳои соли равон, тасмим дорад, корҳои нақшавиро ба анҷом расонад.
Лозим ба ёдоварист, ки ин роҳ яке аз роҳҳои асосии маҳаллаи номбурда буда, он беморхонаи шаҳрии №2 –ро бо роҳи марказӣ мепайвандад. Масофаи роҳи мазкур, наздики 900 метр буда, он аз ҷониби кормандони ҶДММ «Хуҷандроҳ» азнавсозӣ мегардад. Роҳсозон ба анҷомрасонии корҳоро давоми ду рӯз ба нақша гирифтаанд.