(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо мақсади шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ўҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва тағъироту иловаҳои ба он воридгардида ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд доир гардид. Дар вохӯрӣ комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Қурбоналӣ Сулмонзода, муовини сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Замир Амонзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд Ғоибзода Сулҳиддин ва намояндагони қисмҳои низомиву комиссариятҳои ҳарбӣ ширкат варзиданд.

Зимни мулоқот иброз шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ўҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”муносибатҳои ҷамъиятии ба иҷрои ўҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ алоқамандбудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим намуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ тайёр кардан, даъват намудан, дохил шудан, тартиби адо ва рухсат шудан аз хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ин соҳа муқаррар менамояд.

Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ ҷузъи ҷудонопазири ҳукумати мамлакат буда, дар баланд бардоштани тарбияи ахлоқӣ, маънавиёт ва маърифати ҷавонон барои софдилона ва фидокорона муҳофизат намудани Ватан заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаронии донишҷӯён бо намояндагони мақомоти низомӣ ба интиҳо расид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд