(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба шаҳри Хуҷанд расид ва нусхаҳои нахустини он ба як қатор собиқадорон, Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд низ расонида шуд.

Субҳи имрўз Рукмина Сафарзода муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили якчанд нафар собиқадорон, Ходимони давлатӣ ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд рафта, китоби пурарзиши аллома Бобоҷон Ғафуров-«Тоҷикон»-ро тақдим доштанд.

Рукмина Сафарзода муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш- китоби «Тоҷикон» барои ҳар фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил диҳад. Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд.

Шаҳрвандони фахрии Хуҷанд Мукаррама Бузрукова, Юсуф Қурбонов, Баҳриддин Ахмедов, собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Исрофил Бобомаликов ва дигарон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳамчун беҳтарин армуғони фарҳангӣ дар ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худ ва аҳли хонадонашон қабул намуданд ва онро ганҷинаи беҳтарини хонавода арзёбӣ менамоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд