(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар толори филиали ҶСШК “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Хуҷанд” ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд барқчиёнро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлол ганҷи бебаҳо, рамзи асолату ҳувияти миллӣ ва шарти бақои таърихии давлат буда, барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлол барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, инчунин шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони азиз мебошад.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи шоиставу ибратбахш буда, дар як муддати кӯтоҳтарин аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт. Истиқлоли давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.

Сипас ба як қатор пешсафони соҳа ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Директори филиали ҶСШК “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Хуҷанд” Порсо Исоев барои таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ ба Роҳбарияти давлат, роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд